There are no translations available.
КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
1. Абдуллозода Масрур – (раиси комиссия) мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа 2. Ибодуллозода Аҳлиддин – (котиби комиссия) мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3. Қодирзода Диловар – (узви комиссия) муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 4. Саидзода Шоҳин – (узви комиссия) директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм 5. Одиназода Рамазон – (узви комиссия) раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурӯъ аз соати 8:00 комиссия кори худро оғоз намуда, нахуст ҳамаи омӯзгорони факултетҳои химия ва биология аз комиссия гузаштанд. Инчунин гурӯҳи кории тахасссусӣ ташкил карда шудааст, ки вобаста ба ихтисос бо ҳар як омӯзгор саволу ҷавоб анҷом медиҳанд. Дар комиссия доир ба самтҳои илм, таълим ва тарбия диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Махсусан потенсиали илмии ҳар як кафедра ва факултети донишгоҳ аз назар гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки комиссия дар донишгоҳ ду рӯз (20-21) идома ёфта, тамоми факултетҳои дахлдори донишгоҳ аз назар гузаронида мешаванд.
Суратгузориш аз рафти Комиссияи аттестатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
|