ИДОМАИ КОРИ КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ Субҳи имрӯз, 21.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ комиссияи аттестатсионӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ идома дод. Дар рӯзи дуюм, комиссия кори худро аз факултети технология ва соҳибкорӣ оғоз намуда, бояд то охири рӯз факултетҳо ва кафедраҳои забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, франсузӣ, арабӣ бояд аз аттестатсия гузаронида шаванд.
|