ҶАМЪБАСТИ КОРИ КОМИССИЯ ДАР ДОНИШГОҲ Нимаи дуюми рӯзи 21.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбасти кори комиссияи аттестатсионӣ бо иштироки деканон, мудирони кафедраҳо ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим н.и.ф, дотсент Қосимов Саъдӣ суханронӣ намуда, ҳайати комиссияро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, раиси комиссия Абдуллозода Масрур ва як нафар аз аъзои он пиромуни баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намудаву барои бартараф намудани он тавсияҳои судманд дода шуд.
|