ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО Имрӯз 23.11.2020 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ таҳти унвони “Парчами мо – ифтихори мо” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона чорабиниро оғоз бахшида, доир ба рамзҳои парчами миллӣ суханронӣ намуд. Дар идома мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Адураҳмонов М., дар мавзӯи “Парчами давлатӣ, рамзи истиқлолияти миллӣ” баромад намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни курси дуюми факултет барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд дар васфи Парчам ва Ватан пешкаш гардид.
|