1-УМИ ДЕКАБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВИЧ/СПИД Санаи 01.12.2020 дар факултети биология бо ташаббуси кафедраи биохимия ва генетика бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории ВНМО семинари машваратӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои биохимияи тиббӣ гузаронида шуд. Семинар бо сухани муқадимавии мудири кафедраи биохимия ва генетика н.и.б., дотсент Ғайратзода М.Х. оғоз шуда, сипас, оид ба нишонаҳои ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудан, мудири озмоишгоҳи МД МТШ-и №2 Амонов Б.П. маърӯза намуд. Дар идома оид ба таърихи пайдоиш, паҳншавӣ, роҳҳои гузариш ва пешгирии он донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси биохимияи тиббӣ Маҳбуба Қурбонова ва. инчунин як гурӯҳ донишҷӯёни фаъолон маърӯзахонӣ намуданд. Иштирокчиёни семинар ваъда доданд, ки худро ҳамчун гурӯҳи фаъол барои пешгирӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ин беморӣ дар ҷомеа саҳмгузор хоҳанд буд.
|