There are no translations available.
ҶАВОНОНРО ҲАДАФ-ХИЗМАТ БА МИЛЛАТ
Ҳадаф аз баргузории маҷлис аз он иборат буд, ки Қувватов С., вазифаи Раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар донишгоҳ бар ӯҳда дошт ва бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод гардида, минбаъд масъулияти онро мудири бахши ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ бо муовинони навтаъйини худ Ҳамроев Абдусамад - сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва Салима Расулова - муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф бар ӯҳда доранд.
Раёсати донишгоҳ ба нафарони мазкур ҷиҳати интихоб ва таъйин гардидан ба ин вазифаи пурмасъулият самимона табрику таҳният намуда, барояшон барору комёбиҳои назаррасро таманно дорад.
|