There are no translations available.
ЯТИМОНРО ПАРАСТОРӢ БИБОЯД Рӯзи 28-уми декабри соли 2020 дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои хайриявии идона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон дароз намуданд. Дар ин маросим, муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Дилшод Раҷабов ва намояндагон аз ҲХДТ ба муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи И.Сомонӣ ташриф оварда, ба зиёда аз 70 нафар ятимони кулл тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд. Раёсати донишгоҳ тасмим доранд, ки баҳри болидахотирии чунин нафарон дар оянда низ ба ин монанд, маъракаҳои хайриявиро бештар роҳандозӣ намоянд.
|