There are no translations available.
МО ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Санаи 22-юми январи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” бо иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби ҷавонони “Пойтахт” Раҳимзода Шоҳзод, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумъахон, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Раҷабов Дилшод ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, баргузор гардид. Нахуст, раиси ташкилот Раҳимзода Шоҳзод доир ба соли сипаришуда, ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, нақшаи кории ташкилотро барои соли 2021 муаррифӣ намуд. Дар ҷамъбасти маҷлис ба як қатор аъзоёни фаъолони ҳизб, ки пайваста дар байни ҷомеа корбарӣ менамоянд, бо сипосномаи ҳизб қадрдонӣ гардиданд.
Суратгузориш аз рафти ҷаласа:
|