ХОНИШИ САТРИ ЯК КИТОБ, ҲОСИЛИ УМР МЕШАВАД
Мавриди зикр аст, ки намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро кормандони Муассиаи нашриявии «Адиб», ки баҳри ғизои маънавӣ гирифтани хурду бузурги мардуми кишвар дастранҷиҳо доранд, раҳбарӣ мекарданд ва аз навгониҳои тозанашрии китобҳои “Гулбоғи рубоӣ”-и Раънои Мубориз, “Оини ноз”-и Шоҳона, “Подош”-Сироҷиддин Икромӣ, “Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов”-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, “Тарозуи чашм”-и Давлат Сафар ва ғайра ба устодону донишҷӯён иттилоъ медоданд. Бояд зикр кард, ки ин намоиш-фурӯши китоб дар донишгоҳ маротибаи дуюм дар зарфи шаш моҳи охир сурат гирифта истодааст ва ин аз завқу салиқаи мутолиа доштани устодону донишҷӯён дарак медиҳад. Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст, манзури китобдӯстон гардид. Дар раванди намоиш-фурӯши китоб шефтагони китоб аз кормандони Муассисаи нашриявии «Адиб» барои ин иқдоми пешгирифтаашон изҳори сипос намуда, барои бозоварди китоб дар навбатҳои минбаъда ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, даъват ба амал оварданд.
Намоиш-фурӯши китоб ҳанӯз идома дорад.
|