ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮДУХТАРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад намуда, ҳадафу мақсади баргузории фестивалро тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши муй, ороишу пардози руй ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ аз қабили муйбофон зулфандозӣ ҷамолакбандию кокулбофӣ маънидод намуд. Боиси хушнудист, ки “Шоҳҷоиза” насиби донишҷӯдухтари донишгоҳ Назарова Нилуфар гардид. Дар фарҷоми фестивал ғолибон бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
|