“ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ”
Бо чунин суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси кушоди тарбиявии донишҷӯёни соли сеюми факултети биология зери роҳбарии куратори гурӯҳ Сатторов Б., баргузор гардид. Нахуст, декани факултет н.и.б., Бобозода Илҳомҷон доир ба муҳтаво ва нақши асари пурарзиши Пешвои миллат, андешаронӣ намуд. Дар идома донишҷӯён доир ба ҳар фасли ин асари пурмазмун маълумот дода, ҳадафи аслии онро, ки аз чунин суханони Ҷаноби олӣ: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад», ба ҳозирин бозгӯи намуданд.
Суратгузориш аз рафти баргузории дарси кушоди тарбиявӣ:
|