There are no translations available.
ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ Санаи 16-уми марти соли 2021 дар синфхонаҳои №5, №7 ва №10-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи қисми дигари кори конференсия баргузор гардид. Конференсия ҷиҳати гиромидошти хотири неки д.и.х., профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Солиев Лутфулло барпо гардида, дар се бахш идома дорад, ки дар он ҳайати академикону профессорон ва донишҷӯён иштироки доранд. Конференсияи мазкур зиёда аз 70 маърӯзаҳои илмӣ-амалиро фарогир мебошад.
|