ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ДОНИШГОҲ
Бояд зикр кард, ки дар баргузории чорабини варзишии мазкур саҳми устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ зери роҳбарии профессор Тошқул Намозов ва муовинони деканони факултетҳо оид ба қисми тарбия хеле назаррас мебошад. Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби донишҷӯдухтарони факултети таърих, ҷои дуюм факултети география ва ҷои сеюм насиби факултети физика гардид. Ғолибони мусобиқа дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз қадрдонӣ карда мешаванд.
|