САҲМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР РУШДУ ФАРҲАНГИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Нахуст ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ аз хизматҳои бузурги устод Садриддин Айнӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро хушомадед намуд. Сипас Боймурод Шарифзода, Аслиддин Низомов ва Солеҳов Шамсиддин ҳангоми суханронии худ доир ба рӯзгору осори устод Айнӣ андешаҳои ҷолиб намуданд. Дар идомаи чорабинӣ Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Марям Исоева аз мулоқот бо устод Айнӣ ва панду насиҳатҳои падаронаи ӯ ёдовар шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд аз осори шоир, порчве аз қиссаи повести “Марги судхӯр”, гуфтори бузургон дар васфи устод Айнӣ ва порчаҳо аз рӯзгори устод манзурӣ тамошобинон гардид. Аҳли нишаст ба ҳунару маҳорати донишҷӯён баҳои баланд доданд.
|