«Илм фурӯғи маърифат»
Нахуст, декани факултет дотсент У.С.Умаров ҳозиринро барои иштирок дар озмун табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: Ҳамасола озмуни «Илм фурӯғи маърифат» аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида хоҳад шуд. Сипас дар рафти баргузории озмун ва ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд, ки аз қабили олимон, устодони варзидаи факултет Б.А.Кодиров, О.Нозимов, А.Умаров, Ҳ.Туйчиев, А.Мирзомамадов, А. Сафаралӣ, Ш .Бобохонова, М. Ғуломов ва Ф.Мирзозода буданд. Шартҳои озмун пурсиши шифоҳӣ, таҷрибагузаронии лобораторӣ ва ҳалли масъалаҳо аз фнни физика баргузор мегардад. Дар ҷамъбасти озмун ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат меёбанд.
|