There are no translations available.
ҲАМОИШИ ХОТИРМОН ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОН
“Тоҷикпарастӣ дар осори устод Садриддин Айнӣ” унвон дошт маърӯзаи номзади илмҳои филология, дотсент Хокироев Ризо, ки баъди ироаи он баҳси гарми густурда вобаста ба ин мавзӯъ сурат гирифт. Навгонии маърӯза дар он буд, ки дар мавриди нахустин бор истифодаи вожаи “тоҷик” дар таълифоти ин фарзонафарзанди миллат фактҳои тозаи илмӣ баён гардид. Муаллими калони кафедра Неъматова Дилафрӯз мавзӯи “Калимасозии исм дар осори Лоиқ Шералӣ”-ро мавриди баҳси илмӣ қарор дод. Тозакориҳои ин шоири ширинкалом дар ҷодаи сохтани вожаҳои нав ва ба ин васила таровати тоза пайдо намудани осори шоир бо мисолҳо таъкид шуд. Дар гузориши ассистент Ҳанифаи Муҳаммадохир бо номи “Вижагиҳои резаҳикояҳои Сорбон” масъалаи ғунҷонидани маъниҳои васеъи рӯзгори кунунӣ дар қолаби ҳикоя ва салиқаи ҳунарии нависанда дар ин жанри адабӣ матраҳ шуд. Ассистенти кафедра Зокиров Хусрав бо қироати пораҳо аз ашъори Аҳмади Суҳайлӣ махсусияти забонии осори ӯро тавзеҳ дод. Тасмим гирифта шуд, ки маърӯзаҳои конференсия дар шакли маҷмӯаи вижа интишор гардад.
|