СЕССИЯИ ФАЪОЛ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД
Ёдовар бояд шуд, ки тартиби қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонотӣ ва синфхонаҳои компютерӣ намояндагони раёсати таълим, маркази хизматрасонии техникӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ, маркази тестӣ ва дигар зерсохтору шуъбаҳои дахлдор пайваста назорату корбарӣ доранд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи нуқтаҳои имтиҳонотӣ навбатдории доимӣ ташкил карда шудааст, ки талаботи тартиботи ҷамъиятиро ҷиҳати танзими донишҷӯён риоя менамоянд. Субҳи рӯзи 24.05.2021 дар рӯзи оғози имтиҳонот ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо мушовир ва ҳайати роҳбарикунанда, аз раванди имтиҳонсупории донишҷӯён ва ҳамчунин аз имтиҳоноти хатм дар баъзе факултетҳо боздид намуда, ба донишҷӯён ҷиҳати супоридани имтиҳоноти ҷориву хатмашон, муваффақиятҳо таманно намуд. Суратгузориш аз рафти имтиҳонсупорӣ:
|