ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Нахуст вазири маориф ва илм М. Имомзода доир ба рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз ва таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. “Ҳамзамон, роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19 корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимиро ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси Ковид-19 ҷалб намоянд”, - таъкид кард вазир М.Имомзода. Сипас, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Х.Шарифзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки то имрӯз зиёда аз 45% аҳолии пойтахт ваксина гирифтанд ва бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа бояд тамоми сокинони кишвар бо ваксина фаро гирифта шаванд. “Ин нукта боиси таъкид аст, ки пас аз гирифтани ваксина сироятёбӣ ба ин беморӣ дар шаҳр ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин албатта натиҷаи хуб мебошад”, - қайд кард Х.Шарифзода. Дар интиҳо, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Суратгузориш аз рафти ҷаласа:
|