“ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: МАРҲИЛАИ ТАҚДИРСОЗ ДАР САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК”
Сипас директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, д.и.т., профессор Убайдулло Насрулло Каримзода дар мавзӯи “Истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Инчунин маърӯзаҳои дигар аз ҷониби коршиносон ва таърихшиносон д.и.т. профессор Ҳайдаршо Пирумшо дар мавзӯи “Истиқлолияти комил-бузургтарин дастоварди таърихи миллат”, ходими хизматнишондода, д.и.т., профессор М.Х. Маликов дар мавзӯи “Энергетика – нерӯи пуриқтидори истееҳсолкунанда ва тағирёбанда дар бунёди ҷомеаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд. Сипас дар фарҷоми бахши аввали ҷаласаи пленарӣ ректори донишгоҳ қайд намуд, ки ҳамаи маърӯзаҳои шунидашуда, фарогири мавзӯоти хосу мубрами ҷомеаи навини Тоҷикистони азиз ба ҳисоб мераванд, ки хишти бунёди онро меъморсози давлати навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд, то ҷовидонаву абадӣ бошад. Бахши дуюми кори конференсияи мазкур дар факултети таърих идома ёфтаву ба интиҳо расид, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Суратгузориш аз рафти ҷараёни ҷаласаи пленарӣ:
|