There are no translations available.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳамзамон, дар бахши мазкури симпозиум гузоришу маърӯзаҳои доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Исрофил Бобоҷонзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор С. Иброҳимов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Меҳриддин Ғиёсӣ ва дигарон шунида шуда, мавзӯъ ва масоили матраҳшуда баҳсу баррасӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин симпозиуми бонуфузи илмӣ меҳмонон аз Фаронса, Англия, Афғонистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои дуру наздик даъват гардида, табрикоту маърӯзаҳои худро ба самъи ҳозирин расониданд. P.S.: Бо матни пурраи маърӯзаи муовини аввали ректори донишгоҳ Саъдӣ Қосимӣ метавонед дар сомонаи донишгоҳ (www.tgpu.tj ) шинос шавед. |