БУРДИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИИ “САФАРИ БУРДНОК”
Имрӯз, 06.09.2021 дар толори бинои асосии донишгоҳ дар маросими тантанавӣ ғолиби бозии “Сафари бурднок” Авезов Муллоназар аз ҷониби муовини роҳбари лоиҳаи ”City Card“ –Зиёваддинов Садриддин бо як эҳтироми хоса ва бо овардану дар саҳни донишгоҳ тақдим намудани бурди асосӣ, яъне автомашинаи сабукрави тамғаи “Hyundai Accent” табрику таҳният намуданд. Сарвари донишгоҳ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода меҳмононро барои ташриф овардану пос доштани эҳтироми ғолиби бозӣ, ки донишҷӯи ҳамин боргоҳи таълимӣ мебошад, хушомадед гуфта, инчунин афзуд, ки ба шаффофияти чунин як амри воқеии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавон куллан эътимод намуд ва ба Авезов Муллоназар, ки ҳанӯз шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, ваъдаи мусоидат намудан дар курси таълимӣ- ронандагиро дод.
Суратгузориш аз ҷараёни баргузори он:
|