СОЗИ ФАЛАК ТО БА СУРАЙЁ РАФТ...
Дар ин ҳошия, бахшида ба “Рӯзи фалак” 15-уми октябри соли равон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши фарҳангии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, дотсент Ҷамила Мусоҷонзода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Ҳобилҷон Зикирзода ва ҳайати профессорон, омӯзгорону собиқадорони Донишгоҳ ширкат варзиданд. Ҷамила Мусоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ бахшида, ба истиқболи ин сана ҳозиринро табрик намуд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки «Фалак» дар асл мусиқии сирф тоҷикист, ки олуда нашуда, дар худ сабку услуби кӯҳманзарро нигоҳ медорад. Бо созҳое иҷро мешавад, ки сохту намуди худро аз даврони қадим тағйир надодааст. Сипас бахши фарҳангии чорабинӣ, ки фарогири суруду мусиқӣ ва созу навои дилнишин буд, ба қалбҳои ҳозирин фараҳ бахшид.
Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:
|