There are no translations available.
ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...”, ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Ҳамин тариқ, дар ҷамъбасти озмун Мусулмонзода Файзигул - донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик дар номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи якум, Зарина Собирова - донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет дар номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи дуюм, Абдуллоева Мубина - донишҷӯи курси 4-уми факултети забон ва адабиёти рус дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи дуюм, Шабоҳанги Абдусаттор - донишҷӯи курси дуюми факултети математика дар номинатсияи “Адабиёти классик” сазовори ҷойи сеюм, Абдураззоқи Раззоқ – н.и.п., дотсент-омӯзгори факултети математика дар номинатсияи “Эҷоди назму наср” сазовори ҷойи сеюм ва Фозилова Шукрона – лаборанти факултети химия дар номинатсияи “Эҷоди назму наср” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки ин ғолибиятро раёсати донишгоҳ боиси ифтихор медонад.
|