• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МУБОРАК НАВАДАТ, ЭЙ ДАРГАҲИ МАН!

2.JPG - 69.40 Kb16 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Муборак навадат, эй даргаҳи ман!” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, мудири шуъбаи тарбия Қобилҷон Иброҳимов баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон М.Абдураҳмонов баромад намуда, оид ба нақш ва ҷойгоҳи ин нахустдаргоҳи илму таълими кишвар ба донишҷӯён маълумот дод. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру тарона ва суруду саҳначаҳо манзури иштирокчиён гардонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов баромад намуда, ба чанд нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.JPG - 66.18 Kb 2.JPG - 69.40 Kb 3.JPG - 64.97 Kb

4.JPG - 76.49 Kb 6.JPG - 103.06 Kb 7.JPG - 70.59 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj