САД БАҲРИ МАЪНИСТ, АНДАР ПАЁМАТ
Дар чорабинии мазкур устодони факултет доир ба паҳлӯҳои гуногуни Паёми навбатӣ маърӯза намуданд. Аз ҷумла зимни баромади хеш Т. Амиров қайд намуд, ки масъалаҳои дар Паём дарҷгаштаи соҳаи маориф масъалаҳои меҳварии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар ҳаллу баррасӣ ва амалӣ гардидани он ҳар як нафари сокини кишвар вазифадорем, ки саҳми сазовори хешро гузорем. Инчунин қайд карда шуд, ки Паём бояд барои ҳар як фарди кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун нақшаву дастурамали солона ба ҳисоб равад.
Суратгузориш аз рафти чорабинӣ: |