НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2021 натиҷирӣ гардида, нақшаи кории Кумита барои соли 2022 тасдиқ ва як қатор масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои таблиғотии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар доираи нақшаи мазкур вохӯриҳо бо сокинон ба роҳ монда шуд. Дар анҷоми ҷаласа як қатор аъзои ҳизб, ки дар соли сипаригардида дар пешбурди кори ҳизб саҳми арзанда гузоштанд, бо “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома”-ҳои Кумитаи марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроя дар ноҳияи И.Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ба якчанд нафар шаҳодатномаи узвияти ҲХДТ супорида шуд. Суратгузориш аз рафти ҷаласа: |