There are no translations available. Сӯхторро ҳамеша ҷилавгирӣ мебояд
Сипас, подполковник С.Сатторов пиромуни сӯхтор ва оқибатҳои даҳшатбори он сухан гуфт. Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, ки яке аз манбаъҳои асосии бавуқуъоии сӯхтор ноқилҳо ва асбобҳои барқӣ ҳастанд. Дар такя бар қавли С.Сатторов, ҳангоми истифодаи асбобу дастгоҳҳои барқӣ ҳатман бояд аз эҳтиёти зиёд кор гирифт. Хоса, дар фасли зимистон бештари мардум гармидиҳандаҳои барқиро ба кор мебаранд, ки баъзан ҳолат аз сабаби беэътиноӣ боиси сӯхтор мегардад. Намояндаи Хадамони оташнишонӣ, ҳамзамон, истифодаи ғайримақбули балонҳои 3-5 килограммаи газро сабабгори сарзании сӯхтор маънидод намуд. Ба таъкиди ӯ, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт аз ҷиҳати истифодаи нодурусти чунин балонҳо аз ҷониби як зан сӯхтори калон ба амал омад, ки дар натиҷа 24 хонаи истиқоматӣ зарар дид. Дар охири ҳамоиш омӯзгорону кормандон ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки ин ҳамоиш дар ҳамдастӣ бо бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ баргузор гардид. Парвина Абдуллоева ва Марвории Сафарализода |