There are no translations available. Маҷмӯаҳои таълимию методӣ-кафолати пешрафти кор
Маҷмӯаҳои таълимию методии фанҳои биологияи умумӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони олмонӣ (дар курси 1), асосҳои физикаи мактабӣ, назарияи адабиёт (барои курси 3, ихтисоси филологияи тоҷик) ва методикаи таълими забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом ректор, академик Н.Салимов ба муовинон, деканҳо ва мудирони кафедраҳо супориш дод, ки давом моҳи марти ҳамин сол масъалаи таҳияи МТМ-и фанҳои таълимиро омӯхта, ҷадвали муаррифии онҳоро дар сатҳи факулта ва кафедраҳо бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ барои тасдиқ пешниҳод намоянд. Муҳлат барои деканон ва мудирони кафедраҳо аз 10-уми март то 10-уми апрел ва барои омӯзгорони соҳибунвону ботаҷриба аз 11-уми апрел то 15-уми май таъйин карда шуд. Илҳоми Абдулло |