Ҳамоиши судманд дар коллеҷ
Сипас, Ш.Қурбонова, директори коллеҷ доир ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф оид ба солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ва миллати сарсону саргардон-тоҷикон ба донишҷӯён маърӯза кард. Ӯ зикр намуд, ки Артиши Миллӣ дар душвортарин ва сангинтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад ва ба душвориҳо нигоҳ накарда, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ҷавонони содиқу далер ва поктинату поквиҷдон тавонист ба як қувваи бузург мубаддал гардад.
Дар қисмати дуюм донишҷӯён бо шеъру сурудҳои ватандӯстона ва ватанпарваронаи хеш аҳли ҷамъомадро шод намуданд. Дар фарҷом аз тарафи сарвари таълимгоҳ ба иштирокчиёни маҳфили «Дӯстдори сухан» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Манучеҳр Мерганзода, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумова |