Викторинаи экологӣ дар хобгоҳ
Нахуст духтури дармонгоҳ Матлуба Алимова дар мавзӯи «Гигиена-омили саломатӣ» баромад намуда, ба саволҳои иштирокдорони ҷавобҳои дақиқ дод. Викторина аз панҷ қисм иборат буд: 1. Ҷавоб ба саволҳои шифоҳӣ. 2. Посух ба чистонҳо. 3. Қироати шеърҳо оид ба табиат, фаслҳои сол ва замин. 4. Хобгоҳи тозатарини донишгоҳ. 5. Пешниҳод нисбат ба беҳтарнамоии ҳолати экологии хобгоҳҳо. Мувофиқи низомнома викторинаро ҳайати ҳакамон назорат намуда, аз рафти он натиҷагирӣ карданд. Аз рӯи холҳои бадастовардаи иштирокчиён ғолибон муайян гардиданд. Ҷои якум ба донишҷӯёни хобгоҳи № 3, ҷои дуюм ба донишҷӯёни хобгоҳи № 2 ва ҷои сеюм ба донишҷӯёни хобгоҳҳои № 7ва 6 насиб гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва садорати факултаи география сарфароз шуданд. Парвизҷони ҲУСЕЙН, донишҷӯи соли 4-уми факултаи биология |