• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таҳсили хориҷиён нигаронкунанда аст

Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Перман Бердиев 7-уми апрел ба донишгоҳ ташриф овард. Назорати давомот, сифати донишомӯзӣ, раводид ва маълум кардани рафтори донишҷӯёни туркман аз масъалаҳои асосии ин вохӯрӣ маҳсуб меёфтанд.

Аслан, дар ду моҳ як бор чунин вохӯрӣ бо донишҷӯён баргузор мегардад ва дар он рафти донишомӯзӣ, иштирок ба дарсҳо ва рафтори донишҷӯёни хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Р.Абдуллоева, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, қайд намуд, ки дар донишгоҳ аз донишҷӯёни туркман 162 нафар дар шуъбаи рӯзона, 11 нафар дар шуъбаи ғоибона ва 8 нафар магистр таҳсил мекунанд. Мутаассифона, иштироки онҳо ба дарсҳо хеле нигаронкунанда аст ва ҳатто, деканони факултаҳо аз давомоти онҳо ба дарсҳо шикоят намудаанд. Мавзӯи дигари баҳсталаб надонистани забони тоҷикиву русӣ буд, ки муҳассилин кам ба ин диққат медиҳанд ва бе донистани забон илм гирифтан ғайриимкон аст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ П.Бердиев толибилмонро ба риояи қонунҳои кишвари мо, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ даъват карда, таъкид бар он дошт, ки якдилу яктан шуда, ба илмомӯзӣ машғул шаванд.

И.Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj