• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Саҳми Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди соҳаи маориф

Ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба соҳаи маориф дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Миёна Ҷейсон Вивар вохӯрӣ анҷом дод. Ҷ.Виварро намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиёт дар соҳаи маориф Сачико Такаюко ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Шоев ҳамроҳӣ намуданд.

 

Ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо донишгоҳҳо барои рушди соҳаи маориф мавзӯи меҳварии суҳбат маҳсуб меёфт. Гуфта шуд, ки Маркази Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ШМА воқеъ буда, яке аз самтҳои он ба такомули макотиби олӣ равона шудааст. Бонк бо мақсади пешрафти соҳаи маорифи Осиё барои 5-6 сол (15 миллиард доллари амрикоӣ)  ҷудо менамояд. Ин маблағро барои таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дастгирии донишҷӯёне, ки истеъдоди фавқулода доранд, мебояд масраф кард. Инчунин, аз ин маблағ метавон барои такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳияи маводҳои дарсӣ ва нақшаҳо истифода намуд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj