TIKA ба дастгирӣ омода аст
Сараввал ректор меҳмонро хайрамақдам гуфта, сипас оид ба ҳамкориҳои минбаъда суҳбат карданд. Роҳбари ширкати TIKA гуфт, ки агар лоиҳае ба ширкати мо пешниҳод гардад, мо ҳамеша барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ омодаем. Барои гиромидошти меҳмон ректор ба ӯ китоб туҳфа кард. Пас аз анҷоми мулоқот М.Бей аз факултаи таърих ва технология ва соҳибкорӣ, ки тахтаҳои электронии ин ширкат дар ин маконҳо насб гардидаанд, дидан намуд. Мавриди зикр аст, ки соли 2013 ширкати мазкур 15 компютер бо принтер ва 13 тахтаи электронӣ ба донишгоҳ тақдим карда буд.
|