There are no translations available. «Маҳорати педагогӣ»-ро бояд омӯхт
Дар ин марказ ба ғайр аз соатҳои дарсӣ, ҳамзамон, семинару тренингҳо ва ҳамоишҳои гуногуни омӯзишӣ баргузор хоҳанд шуд. Хатмкунандагони курси бозомӯзӣ соҳиби сертификат мешаванд ва ҳангоми фаъолияти педагогӣ афзалияти онҳо бештар аст.
9-уми апрели соли равон ба аввалин хатмкунандагони ин марказ сертификат супорида шуд. Дар расми тақдими сертификатҳо муовини ректор оид ба тарбия Р.Бобокалонова иштирок кард ва ба итмомкардагони курс муваффақияту бурдборӣ таманно намуд. Мавриди зикр аст, ки амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» 14-уми ноябри соли 2013 аз ҷониби ректори онвақтаи донишгоҳ А.Раҳмонов ва роҳбари онзамонаи созмони байналмилалии ЮНИСЕФ Лайло Моширӣ ба тасвиб расида буд. Илҳоми АБДУЛЛО |