There are no translations available. Ёде аз устод Рӯдакӣ
Дар идома ректори донишгоҳ Н.Салимӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки устод Рӯдакӣ ҳар чизе, ки офарид, бо фарҳанги миллати мо робитаи зич дорад, ки инро мо зимни мутолиаи осори ӯ ҳис мекунем. Ӯ дар давраи таҷаддуди забони форсӣ қарор дошт. Сарвари таълимгоҳ афзуд, ки гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ баъд аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ фоли нек ва хурсандиовар аст, ки ин барои мо истиқлоли фикрӣ ва андешаҳои фаррохро ба вуҷуд меорад. Дар шеъри Рӯдакӣ бархурди чандин фарҳанг пайдост ва мо бояд мисраъ ба мисраъ ва байт ба байт назми ӯро таҳқиқ кунем. Сипас, устоди кафедраи адабиёти тоҷик Юлдошов оид ба паҳлӯҳои таърихии ҳаёти Рӯдакӣ бо шоирони ҳамзамон ва осори боқимондаи ӯ маълумоти судманд ироа кард. Конференсияро декани факултаи филологияи тоҷик Боймурод Шарифзода ҷамъбаст намуд. Фарзод Паҳлавонов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи филологияи тоҷик |