Дар тарбия саҳлангорӣ нашояд
Сараввал Н.Одилов дар мавзӯи хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ сухан кард. Ӯ аз боби давлатдории Сосониён ёдовар шуда, зикр намуд, ки онҳо сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта буданд, яъне, аз тамоми дунё ҳунармандонро даъват менамуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар давраи ҳукмронии онҳо давлати тоҷикон аз ҷиҳати маданияту фарҳанг ва иқтисодӣ хеле пешрафта шуд. Ҳамчунин, мавсуф арз намуд, ҷавонон бояд аз илмҳои динӣ ва дунявӣ огаҳӣ дошта бошанд, то ба доми ифротгароён гирифтор нашаванд. Сипас, С.Сафиаллоев дар мавриди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли равон нигаронии хешро иброз дошт ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша тайёр бошанд. Тибқи иттилои ӯ, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, алалхусус, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна ба маротиб афзудааст. Бахтовар РАҲИМОВ, донишҷӯи соли 1-уми факултаи география |