Паём-раҳнамои оянда
Сипас, Н.Убайдуллоев номзади илмҳои таърих зимни маърӯзаи хеш зикр намуд, ки соли 2015 якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ ба монанди 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон гузаронида шуданд, ки барои бедор кардани ҳувияти миллӣ дар вуҷуди ҷавонон нақши муассир доранд. Номбурда қайд кард, ки дар Паёми имсола ба масъалаи амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва комуникатсионӣ диққати махсус дода шудааст. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ маоши кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ аз 1-уми июли соли 2016 музди меҳнат 20 фоиз зиёд карда мешавад. Идрорпулии донишҷӯён низ 30 фоиз баланд бардошта мешавад.
Ш.Бердиев, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ дар баромадаш таъкид кард, ки ҳар як зиёӣ барои обод кардани Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошад. Дар фарҷом ректори донишгоҳ ба ҳамагон барои татбиқи Паём дар ҳаёти ҳаррӯза муваффақият орзу намуда, гуфт, ки мову шумо бояд фарзандонро дар роҳи дуруст тарбия намоем, то номбардори миллату давлат бошанд. И.Қосимов |