There are no translations available. Мубоҳиса омили такмили дониш
Ҳамзамон, ақидаҳои худро оид ба мавзӯи «Масъулияти ватандорӣ» иброз намуд.
Мудири кафедраи фалсафа Ҳ.Зикиров низ дар иртибот ба ин мавзӯъ чанд сухан гуфта, омилҳои гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро тавзеҳ бахшид. Омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Д.Маҳмудов аз таърихи пайдоиши халқи тоҷик ва қаҳрамониҳои онҳо барои мудофиаи Ватан сухан карда, ҷавононро ба софдилона хизмат намудан барои миллату Ватан даъват намуд. Дар идома донишҷӯёни факултаҳои таърих, география, романӣ-германӣ, математика ва педагогика атрофи мавзӯи «Масъулияти ватандорӣ» баҳсу мунозираҳо намуданд. Гарчанде чунин маҳфил бори аввал буд, вале аз тарафи донишҷӯён хуш пазируфта шуд. Ташкили чунин маҳфилҳо дар қалби донишҷӯён ҳисси ватандӯстиро бештар намуда, ҳувияти миллии онҳоро баланд мебардорад. Абдусамад ҲАМРОЕВ, мутахассиси шуъбаи тарбия |