Масъулияти бештар мебояд
Муовини декани факултаи англисӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Абдураҳим Ғуломов аз рафти хониши донишҷӯёни тибқи квота дохилшуда маълумот дод. Номбурда зикр кард, ки дар соли таҳсили 2015-2016 ба донишгоҳ 647 донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд, ки аз ин шумора 404-тоаш духтар аст. Бинобар сабаби дарсшиканӣ 13 нафари онҳо аз донишгоҳ хориҷ гардиданд. Раванди азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар сессияи тобистона хуб буд, зеро аз квотачиён касе қарздор нашуд. Аммо дар сессияи зимистона 6,3 фоизи донишҷӯён баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Касоне, ки ба ҷойи хоб эҳтиёҷ доштанд, бо хобгоҳ таъмин гардиданд. Қисми зиёди онҳо узви китобхонаанд. Новобаста аз натиҷаи ҷамъбасти сессия, ҳамаи онҳо идрорпулӣ мегиранд,-гуфт дар поёни баромадаш А.Ғуломов. Раиси Шӯрои занони донишгоҳ С.Қувватова оид ба иштироки донишҷӯёни тибқи квота дохилшуда дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ маълумот дод. Мавсуф зикр кард, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз мутахассисони ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои дигар кӯч бастанд ва вазифаи таъмини тамоми соҳаҳо бо кадрҳои нав ба миён омад. Бинобар ин соли 1997 қарор барои таъсиси квотаи Президентӣ қабул гашт ва аз соли таҳсили 1997-1998 сар карда, духтарон тариқи квота ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Бо қабул шудани ин қарор бисёр духтарони болаёқат имконият пайдо карданд, ки савияи дониши худро баланд бардошта, ба халқу Ватан хизмат намоянд. Дар донишгоҳи мо низ чунин духтароне ҳастанд, ки тибқи квота таҳсил доранд ва обрӯи падару модар ва донишгоҳро баланд мебардоранд. Иштироки ду донишҷӯдухтари мо аз факултаи физика бо ихтирооти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Р.Бобокалонова дар фарҷоми вохӯрӣ бори дигар таъкид кард, ки донишҷӯёни тибқи квота дохил шуда, бояд, бо баҳои хубу аъло хонанд ва рафтори намунавӣ дошта бошанд ва ба қадри ғамхориҳои Сарвари давлату ҳукумат расанд. И.Қосимов |