Мамлакат рушд меёбад
рӯз то рӯз беҳтар мегардад ва бояд мо низ барои ободии Ватан камари ҳиммат бандем. Яке аз пояҳои устувори давлат соҳаи маориф аст, ки Пешвои миллат ҳамеша барои рушду нумӯи он чораҳо меандешанд. Шурӯъ аз 1-уми июли соли 2016 маоши омӯзгорон 20% баланд бардошта мешавад, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ ҳиммати ҳотамона аст. Сарвари давлат ба ҷавонон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Сӣ фоиз зиёд намудани идрорпулии донишҷӯён аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент нисбат ба ҷавонон ҳамеша ғамхоранд ва умеди калон доранд. Ҷавонон бояд ба ин боварӣ сазовор бошанд.
Дар қисмати дуюми мизи мудаввар перомуни Паёми Сарвари давлат суолу ҷавоб сурат гирифт. Саидаброр Саидӣ, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултаи педагогика |