Истиқлолият неъмати бебаҳост
намояндагони қисми тарбия иштирок доштанд.
Муаллима дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нутқи пурмуҳтаво ироа кард. Мавсуф оид ба аҳамияти истиқлолият, мавқеи байналхалқии он, мушкилоти роҳи истиқлолият, рушди хоҷагии халқ дар давраи истиқлолият, нақши Шӯрои тақдирсоз дар пойдории миллати тоҷик, ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат нисбат ба ҷавонон ва масъалаҳои дигар ибрози назар намуд. Инчунин, таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони муосир аз мо тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шомил нашавем. Суннатулло Воҳидов, донишҷӯи соли 1-уми факултаи таърих |