Сипари боэътимоди Ватан
Р.Одинаев конфронсро оғоз бахшид. Н.Салимӣ дар бораи таъсиси Артиши миллӣ чанд сухан гуфта, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфт. Дар идома маърӯзаи М.Бӯриев дар мавзӯи «Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан» шунида шуд. Мавсуф аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ ба ҳозирин маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки дар замони таъсисёбии Артиши миллӣ Тоҷикистон ягон техникаи ҳарбӣ надошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ техникаҳои ҳарбии онро ҷумҳуриҳои истиқлолият бадастоварда миллӣ кунонданд. Вале Ҷумҳурии Тоҷикистон банди даргириҳои дохилӣ натавонист, ки дивизияи 201-уми тирандозро, ки дар Тоҷикистон буд, миллӣ намояд. Тоҷикистон таъсиси артиши худро аз сифр оғоз намуда, то ба дараҷаи ҳозира расонид. Назарзода Аслиддин, Носирҷон Бӯриев, Д.Розиқов, А.Назиров, А.Исобоев низ дар бораи моҳияту аҳамият ва нақши Артиши миллӣ суханронӣ карданд. Илҳоми Абдулло |