Маҳфилҳои мубоҳисавӣ давом доранд
Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова оғоз бахшида, зикр кард, ки ташкили чунин маҳфилҳо амали хеле муассир ва муфид аст.
Баъдан мудири кафедраи фалсафа Ҳ.Зикиров роҷеъ ба терроризм ва экстремизм нутқ ироа карда, ҳамагонро ба обод намудани Ватани хеш даъват кард. Мавсуф донишҷӯёнро ба зиракиву ҳушёрӣ даъват намуд, то ба суханони таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро бовар накунанд ва фирефта нашаванд. Сипас, мубоҳиса доир ба ин мавзӯъҳо байни донишҷӯён, ки аз ҳамаи факултаҳо ба миқдори муайян ҷалб гардида буданд, сурат гирифт. Саидаброр Саидӣ, донишҷӯ |