• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

КУФР НЕЪМАТ АЗ КАФАТ БЕРУН КУНАД

Бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаи кунунӣ ҳар саҳар ба кор мебароям ва ин нуктаро пайваста ба шогирдон талқин мекунам, ки шукргузор бошанд. Шукр аз истиқлолияту озодӣ, тинҷию амонӣ, сулҳу салоҳ, серию пурӣ, ободии кишвар, хандаҳои беғаши кӯдакон, гулзору боғзорҳо, роҳҳои чун каф ҳамвор, бунёди биноҳои истиқоматию мактабу боғчаҳо ва ғайра. Барои мо бояд саҳифаҳои таърихи солҳои навадуми садаи бистум чун оинаи ибрат бошанд. Мо бояд ба дирӯз нигаҳ карда, фардои худро бисозем. Ба қавли Мирзо Бедил:

Сайқалгари оинаи таҷдид қадим аст,

Натвон ба навӣ ғофил аз он сози куҳан рафт.

Гӯё дирӯз буд, ки қаҳтиву гуруснагӣ ва мотаму мусибат ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Умед ба ояндаи равшан дигар намонда буд ва Ашӯр Сафар (рӯҳаш шод бод!) ба алам мегуфт:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Акнун ҳама рӯзҳои бад паси сар шуданд. Ҳар рӯз ҳазорҳо базму тараб доир мешавад. Барои ҳамаи ин мо бояд шукр гӯем. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамаи қишри ҷомеа: олим, омӯзгор, шоир, нависанда, рӯҳонӣ атрофи сиёсати солим гирд оем мардумро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба ояндаи неку равшан умед бандем.

Баъзан дар шигифтам аз шоире, ки мардумро ба гумроҳӣ ҳидоят карда, менависад: «Намурдему рӯзҳоеро ҳам дидему мебинем, ки инсонҳоро ба «шукр»-гӯӣ маҷбур мекунанд. Оре, намурдему дидем, ки барои оби нанӯшида, нони нахӯрда, либоси напӯшида, хонаву замини надошта, барои зиндагии хуби надошта… алғараз  барои ончи, ки боре дастрасат набудаву дар дастрасат қарор нгамедиҳанд, туро маҷбур мекунанд, ки «шукру шукрона» бигӯӣ!».

Аз як тараф, ҷои шигифтӣ ҳам нест, зеро инсон дар баробари парвардигори худ ношукр аст (Инал инсона ли раббиҳӣ лакануд (Қуръони маҷид, сураи «Одиёт»), ҳоло зиндагӣ як тараф истад. Баъдтар ин шоири тоҷик менависад, ки «Ман ҳамеша шукру сипоси худамро барои Худованде мегӯям, ки маро халқ карда, нафасам дода, иҷозаам дода, ки зиндагӣ кунам, қадам занам ва садо баланд кунам. Чаро аз ман мехоҳед, ки барои хӯрдаву пӯшида ва нӯшидаву лазоизи дигари истифодакардаву дар дастарси шумо буда, шукру шукрона гӯям?».

Ҳеҷ касро дар кишвари мо маҷбур накардаанд, ки барои хӯрдаву нӯшидаву пӯшидаи дигарон шукргузорӣ кунад. Ҳарчанд ғояти ҷавонмардиву соҳибдилӣ аст, ки шоири дигар гуфтааст: «Гарчи худ бебаҳраам, шодам зи айши дигарон», вале ҳар кас барои зиндагии худ бояд шукргузорӣ кунад. Ба шаҳомати зиндагии дигарон набояд ҳасад барем. Дар ин бора шоирони бузурги гузаштаи мо ҳидоятҳои неке доранд. Ҳанӯз падарсолори шеъри мо устод Рӯдакӣ самимию барҷаста ҳидоят карда, одамонро таскин медод, ки

Дар беш зи худе назар макун ғусса махӯр,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Агар нек назар андозем, тайи солҳои охир одамон дар маҷмӯъ як навъ сабқат доранд барои зиндагии боҳашамат. Барои доштани хонаи беҳтарин, мошини беҳтарин, баргузор кардани маъракаи беҳтарин ва ғайра. Ин падида гувоҳӣ аз шароити хуби иҷтимоии мардум медиҳад. Бадии кор ин аст, ки мардуми дороияш миёна ва нодор ҳам дар ин сабқат иштирок карданӣ мешаванд. Хуб шуд, ки қонуни танзим баромаду пеши роҳи ин падидаро то як андоза гирифт. Варна ҳар ки доирнамоии маросимҳои моро бинад, намегӯяд, ки ин мардум камбизоату камбағал аст.

Ин ҷо ба маврид аст, ки ҳикояи ҷолиберо аз «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ биёрем: «Ҳаргиз  аз даври замон нанолида будаму рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоат (тавоноии хариди)-и пойпӯше надоштам. Ба ҷомеи Кӯфа (масҷиди ҷомеъи Кӯфа, ки намози ҷумъа гузоранд) даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати ҳақ ба ҷой овардам ва бар бекафшӣ сабр кардам:

Мурғи бирён ба чашми мардуми сер

Камтар аз барги тара бар хон аст.

В-он киро дастгоҳу қувват нест,

Шалғами пухта мурғи бирён аст.»

Имрӯз моро лозим аст, ки аз талқингари шукргузорӣ аз амнияту фазои солими сиёсӣ бошем, тарғибгари умед ба ояндаи нек бошем. Зеро ғояти адабиёт хушояндиву созандагӣ аст, на талқин ба ноумедиву оҷизӣ ва бадбинӣ.

Боймурод Шарифзода, устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj