There are no translations available. Пешгирии ҷинояткорӣ вазифаи ҳамагонист
ҳатто, ҷиноят содир кардани одамон ҳанӯз мушоҳида мешавад.
Ин рафтори онҳо натиҷаи муқобилгузории манфиатҳои шахсӣ ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, ҳирси молпарастӣ, тарзи ҳаёти муфтхӯрона, ба ҳар роҳ қаноат кунонидани майлу хоҳиши худ, муносибати бепарвоёна ба манфиатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Тамоман решакан кардани ҷиноятҳое, ки дар ҳолати баёншуда рӯй медиҳанд, бешубҳа, раванди дуру дароз ва басе мураккаб мебошад, вале он ниҳоят ба тамоман барҳам хурдани ҷиноят оварда мерасонад. Пешгирӣ кардани ҷиноят ва решакан кардани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон бо роҳи баланд бардоштани шуурнокӣ, маданияти баланд, беҳтар гардонидани некуаҳволии моддӣ… ба амал бароварда мешавад. Омӯзиши ҷинояткорӣ, муайян намудани сабабу ҳолатҳои ҷинояти ҷавонон вазифаи асосии қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятию мурофиавӣ мебошад. Таҳқиқот омӯзиш нишон медиҳанд, ки сабабу ҳолатҳои асосии нисбатан характерноки содир намудани ҷиноят дар байни ҷавонон инҳоанд. - таъсири манфии оила; - ибрати бад ё роҳи бад ҳидоят кардани ҳамсолон; - таъсири манфии кинофилмҳое, ки ҷинояткоронро тарғиб мекунанд… Вобаста ба ин ҳастанд омилҳое, ки барои даст задан ба ҷинояткорӣ мусоидат мекунанд: - набудани назорати лозима ва рафтору кирдори ноболиғон; - камбудӣ дар таълими умумӣ ва бо кор таъмин намудани наврасоне, ки хонданро тарк кардаанд; - камбудии корҳои тарбиявӣ дар ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ… Ҷасур Раҳмонов, донишҷӯи факултаи технология ва соҳибкорӣ |