Чароғе дар шаби торӣ, муаллим
Мавсуф изҳор дошт, ки барои омӯхтани дигар забонҳо, пеш аз ҳама, дар сатҳи олӣ донистани забони модарӣ ҳатмист. Дар фарҷоми суханрониаш А.Байдуллоев ҳозиринро бо фарорасии ин ду ҷашн табрик гуфта, ба омӯзгорону донишҷӯён тансиҳативу бурдборӣ ва дар корҳои илмиву эҷодиашон муваффақият таманно намуд.
Сипас, дар иҷрои донишҷӯёни факултаи мазкур барои болидарӯҳии табъи ҳозирин рақсу суруд ва саҳначаи тарбиявӣ манзур гардид. Илҳоми Абдулло |