Рӯзи равоншиносон бошукӯҳ таҷлил шуд
Конфронсро декани факулта, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Обидова оғоз бахшида, зарурати омӯзиши илми психологияро ба пуррагӣ тавзеҳ дод. Қайд намуд, ки бояд психологон, на танҳо бо инсон, балки бо тамоми мавҷудоти зинда кор карда тавонанд. Сипас, устоди кафедраи педагогика ва психология Т.Олимов дар мавзӯи «Омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо» суханронӣ карда, ба донишҷӯён бо далелу санадҳои саҳеҳ ва тадқиқоти асоснокнамудаи равоншиносон тавзеҳ бахшид, ки дар байни дигар омилҳое, ки боиси ҷудошавии оилаҳо мегарданд, омили номувофиқатии равонии ҳамсарон мавқеи махсусро ишғол кардааст. Дар қисмати дигар бошад, донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ доир ба мавзӯъҳои зӯроварӣ ва намудҳои он, сабабҳои сар задани низоъҳои оилавӣ, асосҳои ёрии психологӣ ба ҷабрдидагони гирифтори зӯроварӣ дар оила ва дигар мавзӯъҳои алоқаманд баромад намуданд. Қисмати хотимавии конфронс бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон ҷолибу таъсирбахш буд. Саидаброр САИДӢ, донишҷӯ |