There are no translations available. Тариқат дар осори Мавлоно
Ҳамоишро, ки ҳамчун соати тарбиявӣ зикр гардид, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, дотсент Абдулмаҷид Қурбонов сарварӣ намуда, сараввал дар бораи мақоми бузурги Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори ӯ маълумот дод. Сипас, декани факулта Боймурод Шарифов дар мавзӯи «Масъалаи шариат ва тариқат дар осори Мавлавӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар тамоми дунё китоби ирфоние, ки ба дараҷаи «Маснавии маънавӣ» мақоми баланд дошта бошад, нест. Бузургии Мавлавӣ боз дар он аст, ки ӯ дар 50 ҳазор байти худ 55 вазни шеъриро истифода кардааст, ки ҳеҷ кас ин корро накардааст. Эҷодиёти ӯ ҷиҳати муҳими тарбиявӣ дошта, моро мебояд, ки барои аз бунбасти хаёлӣ раҳоӣ ёфтан ба осори ӯ муроҷиат намоем. Дар охир порчаҳо аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултаи мазкур қироат гардид. Шаҳлои Исрам, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик |