Ҳифзи саломатӣ беҳтар аз муолиҷа
- нӯшидани об на камтар аз се литр дар як шабонарӯз (агар оби чашма бошад, беҳтар); - ҳар рӯз ақалан як маротиба оббозӣ кардан; - шустани рӯдаҳо ҳафтае як маротиба (бо роҳи клизма); - бештар истеъмол намудани сабзавоту мева. Истеъмоли оби зиёд гардиши хунро дар рагҳо муътадил ва қабули ҳаммом нафаскашии пӯстро таъмин мегардонад. Ҳангоми шустани рӯдаҳо кирмҳои рӯда, ки ангезандаҳои асосии касалиҳои гуногунанд, нест мешаванд ва истеъмоли сабзавоту меваҳо ҷисмро бо моддаҳои зарурии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин месозад. Дар фарҷоми суҳбат Муллозуҳур Тоҳирӣ чанд машқро, ки барои кори муътадили организм мусоидат мекунанд, ба донишҷӯён тавсия дод. Илҳоми Абдулло |