There are no translations available. Ифротгароӣ хатари ҷаҳонӣ дорад
Комил Бекзода атрофи мавзӯи зикршуда суханронӣ намуда, ба суолҳои донишҷӯён посух гуфт. Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки имрӯз ифротгароӣ мусибати сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Барои ин, ҳамаи моро мебояд, ки дастаҷамъона алайҳи он мубориза барем. Сабабҳои аслии пайдоиши ин падидаи номатлуби аср, пеш аз ҳама, камсаводӣ ва паст будани фарҳанги инсонию динии як зумра афрод мебошад. Дар охир муовини декан оид ба тарбияи факултаи мазкур Т.Наҷмуддинов зикр намуд, ки барои пешгирии ифротгароӣ бояд чунин маҳфилҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шаванд. Ҳоҷиакбар Ҳайдаров, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик |